Аҳтам Назаров фаъолияти худро дар «Истиқлол» ба итмом расонд!
12.01.2026 17:50
Яке аз бозингорони ботаҷрибаи «Истиқлол» ва капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров фаъолияти бозигарии худро дар дастаи пойтахт ба итмом расонд.

Пас аз солҳои тӯлонӣ бозӣ кардан, Аҳтам Назаров фаъолияти худро дар ҳайати қаҳрамони бисеркартаи Тоҷикистон ба итмом расонд. Ҳамчун бозингари озод, ин муҳофизатгар фаъолияти бозигарии худро дар дастаи дигар идома хоҳад дод.
Аҳтам аз соли 2013 бо танаффус дар ҳайати «Истиқлол» бозӣ мекард ва дар ин давра барандаи ҳамаи мусобиқаҳо ва ҷоизаҳои дохилии мамлакат гардида, ду маротиба бо даста ба финали Ҷоми КФО (2015, 2017) роҳ ёфтааст.
Дар маҷмӯъ, Аҳтам дар ҳайати «Истиқлол» беш аз 200 бозии расмӣ анҷом дода, 16 гол задааст.
Роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Аҳтам Назаров барои фаъолияти пурсамар миннатдории самимона намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи бозингариаш барору муваффақиятҳои навро таманно менамоянд.











.png)