«ИСТИҚЛОЛ» - ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ ОЛӢ ДАР МАВСИМИ- 2026!
23.11.2026 22:20
«Истиқлол»-и Душанбе бори 15-ум дар таърихи худ медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро ба даст овард.
.jpg)
«Истиқлол» дар бозии мавқуфгузошташудаи даври 19-уми чемпионат бар «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуда, як давр пеш аз анҷоми чемпионати Тоҷикистон-2026 унвони қаҳрамониро ба даст овард. Бо ин пирӯзӣ дастаи пойтахт инчунин ҳаққи намояндагии Тоҷикистонро дар даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё-2027/28 соҳиб шуд.
Қаблан дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023, 2024 ва 2025 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.
Ҳамин тавр, «Истиқлол» силсилаи пирӯзиҳои худро идома дода, дар 17 соли охир бори 15-ум унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст овард.
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. ЛИГАИ ОЛӢ
БОЗИИ ДАВРИ 19-УМ
«Барқчӣ» - «Истиқлол» - 1:5
Голҳо: Меҳрубон Ғаффорзода, 2 худгол (0:1). Эҳсон Панҷшанбе, 20 (0:2). Далер Шарипов, 52 (0:3). Муҳаммадҷон Раҳимов, 66 (0:4). Муҳаммадҷон Раҳимов, 70 (0:5). Шаҳром Сулаймонов, 86 (1:5).
«Истиқлол» (Душанбе): Муҳриддин Ҳасанов, Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Ваҳдат Ҳанонов (Шаҳбоз Раҷабов, 75), Йосип Томашевич (Фране Икич, 75), Амирбек Ҷурабоев, Алишер Шукуров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Михаил Тихонов (Содиқҷон Қурбонов, 46), Далер Шарипов, Эҳсон Панҷшанбе, Шервони Мабатшоев (Шаҳром Самиев, 68).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Корти зард: Меҳрубон Ғаффорзода («Барқчӣ»), Содиқҷон Қурбонов, Шаҳром Самиев («Истиқлол»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
23 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39949
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39951











