«Истиқлол» барои зинаи сеюм муборизаро идома медиҳад!
22.11.2026 18:28
Дастаи футзали «Истиқлол» бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи футзалро муқобили дастаи «Сипар» баргузор намуд.

Вақти асосии бозӣ бо натиҷаи 4:4 ба анҷом расид ва дар ду қисми иловагӣ футзалбозони «Сипар» тавонистанд голҳои ғалабаоварро ба нишон расонанд – 6:4.
Ҳамакнун барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ «Истиқлол» бо дастаи КМВА рақобат менамояд. «Сипар» ва «Соро компания» бошад муборизаро барои нишонҳои заррини чемпионат идома медиҳанд.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ
ПЛЕЙ-ОФФ! МАРҲИЛАИ НИМНИҲОӢ
БОЗИИ ҶАВОБӢ
«Сипар» - «Истиқлол» - 4:4 (вақти иловагӣ – 6:4).
22 ноябр. Хуҷанд. Қасри варзиш
Бозии якум – 2:2 (пеналти – 5:4).











