ЗОДРӮЗ МУБОРАК, МАҚСУД ХОҶАЕВ!
12.11.2026 08:20
Клуби футболи «Истиқлол» сармуҳосиби бошгоҳ - Мақсуд Хоҷаевро ба муносибати рӯзи мавлудашон самимона табрик менамояд!

Касбият, масъулиятшиносӣ ва садоқати Шумо ба кор дар фаъолияти муваффақонаи бошгоҳ саҳми арзанда доранд.
Ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ, оромии хотир, рӯзгори ободу осуда ва неруи беандоза таманно дорем!
Бигзор дар тавозуни зиндагиятон ҳамеша хушбахтиву шодӣ бартарӣ дошта бошанд, бахт ҳамсафаратон бошад ва ҳар рӯзи нав бо дастовардҳои нек оғоз гардад!











