Ҷаласаи пеш аз оғози мусобиқоти лигаи Даъвати КФО баргузор гардид
16.10.2026 11:20
Дар арафаи оғози бозиҳои Лигаи Даъвати КФО ҷаласаи пеш аз мусобиқа бо иштироки намояндагони дастаҳои иштирокчӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон, комиссарони мусобиқа ва дигар масъулон баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими ташкиливу омодагӣ ба баргузории бозиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ташкилию техникии мусобиқа табодули назар карданд.
Ҳамзамон, рангҳои либоси бозии дастаҳои рақиб барои вохӯриҳои дарпешистода мувофиқа ва муайян карда шуданд.
Дастаи футболи «Истиқлол» бозии аввали худро дар доираи мусобиқа муқобили дастаи «Неҷеҳ»-и Лубнон бо либоси сафед баргузор мекунад.
Дар бозиҳои минбаъда бар зидди дастаҳои «Ал-Арабӣ» ва «Хомс Ал-Фида» футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ба майдон мебароянд.











