Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Бохт дар финали Ҷом!

10.10.2026 20:20

Дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал дастаи «Истиқлол» бо «Сипар» рақобати ҷолибу пуршиддат анҷом дод.

Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 2:3 ба фоидаи «Сипар» анҷом ёфт.


Шогирдони Александр Дзабирадзе оғози хуб доштанд. Дар дақиқаи 5-уми қисми аввал Дилшод Саломов ҳисобро боз кард, аммо «Сипар» дар дақиқаи 8-ум натиҷаро баробар намуд.

Дар оғози қисми дуюм дар дақиқаи аввал Хосе Пахаро «Истиқлол»-ро дубора ба пеш баровард.

Бо вуҷуди талошҳои зиёд, даста бартариро нигоҳ дошта натавонист. Фелипе Виейра дар дақиқаҳои 15-ум ва 20-ум ду гол зада, ғалабаро ба «Сипар» таъмин кард.
 

Бо вуҷуди натиҷаи ниҳоӣ, бозингарони футзали «Истиқлол» то сонияҳои охир барои ба даст овардани ҷом мубориза бурданд.

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj