Тирамоҳи футболӣ дар Ҳисор гарм хоҳад буд!
24.09.2026 15:00
Аз 17-ум то 23-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор — марҳилаи гурӯҳии Лигаи Даъвати Конфедератсияи футболи Осиё-2026/27!

Чор даста. Танҳо як роҳхат ба плей-офф. Ва муборизаи шадид дар ҳар як рақобат!
Дастаи «Истиқлол» — 17-уми октябр роҳи худро бо бозӣ муқобили дастаи «Наҷмех»-и Лубнон оғоз мекунад.
20-уми октябр бошад — дидор бо тими «Ал-Арабӣ»-и Қувайт.
Ва дар бозии ниҳоӣ «Истиқлол» дастаи «Ҳомс Ал-Фидо»-и Сурияро қабул менамояд.
Оғози ҳамаи бозиҳои «Истиқлол» соати 19:00!
Ҳаводорони футболи тоҷик ва тими «Истиқлол» Шуморо эҳсосоти нотакрор ва фазои фаромӯшнашавандаи интизор аст!
Ба Варзишгоҳ биёед ва якҷоя қаҳрамони худро дастгирӣ намоем!
«Истиқлол» — ба пеш, ба сӯи плей-офф!











