Ғалабаи боварибахши дастаи футзал
29.07.2026 23:20
Дастаи футзали «Истиқлол» дар даври навбатии Лигаи футзал бо натиҷаи калони 9:2 бар тими «Истаравшан» дастболо гардид.

Аз 9 голи задашуда ба дарвозаи меҳмонон, 7 тубро ба номи худ легионери колумбиягӣ Ҷонни Рамирез (покер) ва Умед Кузиев (хет-трик) сабт намуданд.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ
ДАВРИ 9-УМ
«Истиқлол» - «Истаравшан» - 9:2
Голҳо: Ҷонни Рамирез-4, Умед Кузиев-3, Панҷшер Давлатов, Баҳодур Хоҷаев - Меҳроҷиддин Маҳмадшоев, Ислом Собиров.
«Истиқлол»: Кауан Дуарте, Дилшод Саломов, Ҷонни Рамирез, Хосе Пахаро, Муҳаммад Авғонов, Анушервон Қурбонзода, Раҳмоналӣ Шарипов, Баҳодур Хоҷаев, Умед Кузиев, Шаҳриёр Ҷумахонзода, Муиз Замонов, Игор Тиаго.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Умед Кузиев («Истиқлол»).
Сардовар: Наврузҷони Сулаймон (Варзоб).
29 июл. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп».
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/38299











