ҒАЛАБАИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР БОЗИИ ҶАШНӢ!
14.03.2026 23:20
ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «РЕГАР-ТАДАЗ» РАҚОБАТИ 40-УМИ ХУДРО ДАР ДОИРАИ БОЗИҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД, КИ БО ПИРӮЗИИ ТИМИ ПОЙТАХТ БА ПОЁН РАСИД.

Голи ягонаро дар ин вохурии ҷашнӣ легионери рус Лука Згурский ба самар расонида, ғалабаи дасташро таъмин намуд.
Ҳамакнун дар бозиҳои чемпионати мамлакат вобаста ба омодагии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Филиппин таътил оғоз гардид.
Вохурии ояндаи худро «Истиқлол» дар Лигаи олӣ санаи 5 апрел бо дастаи «Равшан» анҷом медиҳад.
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН
ЛИГАИ ОЛӢ. ДАВРИ 2-ЮМ
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 1:0
Гол: Лука Згурский, 7
«Истиқлол»: Денис Кавлинов, Табрез Исломов, Йосип Томашевич, Алиҷон Кароматуллозода, Иван Зотко, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Фране Чиряк, Алиҷон Буризод (Далер Шарипов, 52), Лука Згурский (Дмитро Билоног, 77), Рустам Соиров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 77).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Табрез Исломов («Истиқлол»).
Корти зард: Фране Чиряк, Йосип Томашевич («Истиқлол»), Абдусамад Меликмуродов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
14 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35797











.png)