Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ВА ДУШАНБЕ СИТИ БОНК СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИДАНД

13.03.2026 17:10

КЛУБИ ФУТБОЛИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӮШИДАИ ДУШАНБЕ СИТИ БОНК ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ ИМЗО КАРДАНД.

Душанбе Сити Бонк – яке аз бонкҳои маъруфи  мамлакат  ва клуби футболи «Истиқлол» ҳамкориро зери шартномаи яксола ба имзо расониданд.

Маросими расмии имзои созишномаи ҳамкории тарафайн  имрӯз бо иштироки намояндагони клуб ва бонк, ҳамчунин хабарнигорон дар дафтари кории Душанбе Сити бонк     баргузор гардид.

Пас аз имзои созишномаи ҳамкорӣ  раиси Раёсати Душанбе Сити бонк  Хуршед Ақдодов

иброз намуд:

 - «Имрӯз барои бонки мо рӯзи махсус аст. Мо бо ифтихор аз оғози ҳамкории худ бо клуби футболи «Истиқлол» хабар медиҳем - дастае, ки рамзи қувват, касбият ва пирӯзиҳои футболи тоҷик мебошад!

Барои мо шарафи бузург аст, ки чунин клубро дастгирӣ мекунем, ки ҳазорон мухлисро илҳом мебахшад ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Боварӣ дорем, ки ин ҳамкорӣ саҳми муҳим дар рушди варзиш, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва тарғиби тарзи ҳаёти солим хоҳад шуд. Бонки мо ҳамеша талош мекунад на танҳо шарики молиявӣ, балки иштирокчии фаъоли рушди ҷомеа бошад. Ба дасти «Истиқлол» пирӯзо ва фатҳи қуллаҳои навро таманно менамоям».

 Шаҳзод Сулаймонов – директори генералии КФ «Истиқлол» изҳори  намуд, ки ҳамкорӣ бо Душанбе Сити бонк  самарабахш ва муваффақ хоҳад буд:

- «Мо итминони комил дорем, ки ин ҳамкорӣ барои рушди минбаъдаи клуб ва инчунин барои пешрафти футболи тоҷик заминаи устувор мегузорад.

Барои клуби «Истиқлол» дастгирии шарики боэътимоди молиявӣ маънои имкониятҳои бештар барои рушд, беҳтар кардани инфрасохтор ва ноил шудан ба дастовардҳои баланд ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар арсаи байналмилалиро дорад.

Мо ба роҳбарияти Бонки «Душанбе Сити» барои эътимод ва омодагии онҳо барои ҳамроҳ шудан ба оилаи калони футболи мо изҳори сипос менамоям».

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/35749

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj