10-солагӣ муборак!
01.03.2026 10:20
Клуби футболи «Истиклол» Телевезиони «Варзиш»-ро ба муносибати 10-солагии таъсисёбӣ табрик менамояд!

Дар тӯли ин даҳ сол ТВ «Варзиш» ба яке аз минбарҳои асосии таблиғу рушди варзиш дар кишвар табдил ёфта, саҳми арзанда дар муаррифии дастовардҳои варзишгарон ва боло бурдани фарҳанги варзишӣ гузоштааст.
Пахши босифат, таҳлилҳои ҷолиб ва дастгирии доимии футболу дигар намудҳои варзиш боис шуданд, ки мухлисон ҳамеша дар маркази рӯйдодҳо қарор гиранд.
Ба роҳбарият ва кормандони телевизион эҷодиёти бепоён, пешрафтҳои нав ва солҳои дарози фаъолияти пурсамар таманно дорем.
Бигзор ТВ «Варзиш» ҳамеша минбари пирӯзиҳо ва илҳомбахши наслҳои ҷавон боқӣ монад!











.png)