ДАР ДУШАНБЕ КОНГРЕССИ НАВБАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ШУД
20.12.2025 12:50
Имрӯз, 20 декабр дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Рӯзномаи Конгресс аз масъалаҳои зерин иборат буд:
Тасдиқи протоколи қаблии Конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2024;
Ҳисобот дар бораи фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2025;
Ҳисоботи фаъолияти молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024;
Тасдиқи буҷаи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2026;
Ҳисоботи аудитори мустақил дар бораи ҳисоботи молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024.
Қобили зикр аст, ки дар Конргесси ФФТ соли 2026 Соли инфрасохтори футболӣ эълон шуд.
Намояндагони ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё дар Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок намуданд.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34880
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34888
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34898
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34908











.png)