БО ПИРОҲАНҲОИ СУРХУ ЗАРД!
25.11.2025 11:50
ИМРӮЗ ҶАЛАСАИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ПАНҶУМИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ-2025/26 МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «АЛ-НАСР» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар ҷаласа бо иштироки масъулини бозӣ масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохурии дарпешистода баррасӣ шуд. Мизбонони рақобат футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи «Ал-Наср» бо пироҳанҳои зард ба майдон мебароянд.
Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври панчуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2025/26 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ фардо, 26 ноябр, дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад. Оғози бози соати 18:45.











.png)