Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«Истиқлол» ва «Ал-Завра» муборизаро барои роҳхати дуюм идома медиҳад

05.11.2025 21:50

Вохурии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё миёни дастаҳои «Ал-Завра» ва «Истиқлол» бо натиҷаи 2:1 ба суди футболбозони ироқӣ ба поён расид.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D»  «Ал-Наср» бо натиҷаи 4:0 «Гоа»-ро шикаст дода, ба марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳхат гирифт.  Барои роҳхати дуюм «Истиқлол» ва «Ал-Завра» муборизаро идома медиҳанд. 

Даври 5-ум
26 ноябр

«Истиқлол» - «Ал-Наср»
«Ал-Завра» - «Гоа»

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2025/26
МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ ЧОРУМ

«АЛ-ЗАВРА» (ИРОҚ) - «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - 2:1
Голҳо:
Ҳасан Абдулкарим, 7 (1:0).  Иброҳим Гвадамоси, 53 аз пеналти (2:0). Амирбек Ҷурабоев, 64 аз пеналти (2:1).
«Истиқлол»: Никола Стошич, Марлен Чобанов, Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Табрез Исломов, 82), Амирбек Ҷурабоев, Эҳсон Панҷшанбе, Сиёваш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 56), Ризо Деҳқонӣ (Масрур Ғафуров, 56), Рустам Соиров (Рустам Камолов, 87).
Корти зард:  Кларенс Битанг («Ал-Завра»), Манучеҳр Сафаров, Масрур Ғафуров («Истиқлол»). 
Сардовар: Аҳмад Исо Дарвеш (АМА).
Нозири доварон: Закариё Канат (Сурия).
Комиссари бозӣ:  Ҷабраил Алӣ (Фаластин). 
5 ноябр. Бағдод. Варзишгоҳи «Ал-Завра». 11700 тамошобин.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34219

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/34228

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj