КАМБЭКИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР БАРОБАРИ «АЛ-ЗАВРА»
23.10.2025 10:30
ДАР БОЗИИ ДАВРИ СЕЮМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ ОСИЁ, ДАСТАИ “ИСТИҚЛОЛ”-И ТОҶИКИСТОН ТИМИ “АЗ-ЗАВРА”-И ИРОҚРО ШИКАСТ ДОД.
Набарди дастаҳо, ки дар шаҳри Ҳисор доир шуд, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Ҳарчанд, аввалин шуда дар дақиқаи 4-уми бозӣ футболбозони меҳмон ба задани гол даст ёфтанд, аммо дастаи мо дар дақиқаҳои 20 ва 84-ум бо голҳои задаи Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Комолафе ба камбэк даст ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D”-и мусобиқа, дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар сафар тими “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 ноком кард. Ҳамакнун, пас аз 3 даври рақобатҳо “Ал-Наср” бо доштани 9 имтиёз садрнишини гурӯҳ аст. “Истиқлол” пас аз ин ғалаба, шумораи холҳояшро ба 6 расонида, дар зинаи дуюм қарор гирифт.
Дастаи “Аз-Завра” дар ҷои 3-юм ва “Гоа” дар мақоми 4-ум қарор доранд.
Дар бозиҳои даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2, 5 ноябр “Истиқлол” дар сафар бо “Аз-Завра” вохӯрда, “Ал-Наср” дар майдони худ бо “Гоа” дидор анҷом медиҳад.
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2025/26
МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ 3-ЮМ
«ИСТИҚЛОЛ» - «АЛ-ЗАВРА» - 2:1
Голҳо: Иброҳим Бадамоси, 4 (0:1). Амирбек Ҷурабоев, 20 (1:1). Пол Камолафе, 84 (2:1).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Ҷозеф Окоро, Марлен Чобанов, Содиқҷон Қурбонов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷурабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Кирилл Суслов, 90+3), Эҳсон Панҷшанбе, Сиёвуш Ҳақназарӣ (Пол Камолафе, 62), Ризо Деҳқонӣ (Табрез Исломов, 78), Рустам Соиров (Масрур Ғафуров, 78).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»).
Корти зард: Рустам Соиров, Ҷозеф Окоро, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Ҷалол Ҳасан, Набил Карар («Ал-Завра»).
Сардовар: Аҳмад Файсал Алали (Урдун).
Нозири доварон: Мухтор Солеҳ Алӣ (Яман).
Комиссари бозӣ: Эҳаб Собир (Арабистони Саудӣ).
22 октябр. Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ. 6420 тамошобин.