Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-ЗАВРА»: НИШАСТИ ХАБАРИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ

20.10.2025 15:50

«ИСТИҚЛОЛ» – «АЛ-ЗАВРА»: НИШАСТИ ХАБАРИИ ПЕШ АЗ БОЗӢ 21 ОКТЯБР ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ ҲИСОР БАРГУЗОР МЕШАВАД

Ба диққати намояндагони ВАО! 21 октябр пеш аз бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Завра» (Ироқ) нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 16:30 оғоз мешавад.

 Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни даста Игор Черевченко («Истиқлол») ва Ҳусам Фавзӣ Наҷӣ Ал-Ҷумайлӣ («Ал-Завра»), инчунин бозигарон Марлен Чобанов («Истиқлол») ва Абдулло Мусо Мусаллам Насиб («Ал-Завра») посух хоҳанд дод.

 Ба диққати рӯзноманигорон мерасонем, ки аккредитатсияҳое, ки қаблан барои бозии «Истиқлол» – «Гоа» гирифта буданд, барои бозии дарпешистода эътибор хоҳанд дошт. 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
      
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj