ДАВРИ АВВАЛИ БОЗИҲОИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО ДОИР ШУД
18.09.2025 01:50
ДАР ДАВРИ АВВАЛ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР САФАР БО ТИМИ «Ал-НАСР» РАҚОБАТ НАМУДА БО НАТИҶАИ 0:5 ДУЧОРИ БОХТ ГАРДИД.
Дар бозии дигари гурӯҳи «D» миёни тимҳои ГОА ва «Ал-Завра» футболбозони ироқӣ бо натиҷаи 2:0 пирӯз гардиданд.
Бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои- 2 КФО - 2025/26 санаи 1 октябр баргузор мегарданд. Дар ин рӯз «Истиқлол» дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тими ГОА-и Ҳиндустонро қабул менамояд. Оғози дидор соати 18:45.
ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ-2 КФО
МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ. ДАВРИ 1-УМ
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 5:0
Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (2:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Ромиш Насруллозода (Манучеҳр Сафаров, 56), Марлен Чобанов, Кирилл Суслов, Рудолф Туркай, Табрез Исломов, Ҷозеф Окоро, Эҳсон Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Пол Камолафе (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷурабоев, 56).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Уэсли Тейшера («Ал-Наср»).
Корти зард: Абдулооҳ Ал-Амри, Уэсли Тейшера («Ал-Наср»), Ҷозеф Окоро, Ромиш Насруллозода(«Истиқлол»).
Сардовар: Ко Хюнг Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ).
17 сентябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
Гоа (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) - 0:2