ХРИСТО СТОИЧКОВ АЗ ДАФТАРИ КОРИИ КФ «ИСТИҚЛОЛ» ДИДАН НАМУД!
26.08.2025 17:50
УСТУРАИ ФУТБОЛИ ҶАҲОНӢ ХРИСТО СТОИЧКОВ, КИ ИН РӮЗҲО БО САФАРИ КОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАД, АЗ ДАФТАРИ КОРИИ ТИМИ ПОЙТАХТ ДИДАН КАРД.
Футболбози машҳури булғорӣ, дорандаи «Тӯби тиллоӣ-1994», ки сафири барномаи ФИФА «Football For Schools» мебошад, бо роҳбарияти клуб суҳбат карда, аз оғози лоиҳа дар Тоҷикистон нақл кард.
Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи барномаҳои омӯзишӣ ва мураббигӣ, мубодилаи сафарҳо ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣро баррасӣ карданд.