«ИСТИҚЛОЛ» ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ НАМУД!
08.01.2025 01:50
ДАР БОЗИИ 1/8 НИҲОИИ ҶОМИ МАМЛАКАТ «ИСТИҚЛОЛ» БАР ТИМИ «ХУҶАНД» ДАСТБОЛО ГАРДИДА, РОҲИ ХУДРО БА МАРҲИЛАИ БАЪДИ ҲАМВОР НАМУД!
Вақти асосии бозӣ ва ду қисми иловагӣ ғолибро муайян накарданд. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра футболбозони мо дақиқтар буданд ва вохурӣ бо натиҷаи 6:5 ба анҷом расид.
Дар марҳилаи 1/4 ниҳои «Истиқлол» бо дастаи «Вахш» неру месанҷад.
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. МАРҲИЛАИ 1/8 НИҲОӢ
«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 1:1 ( аз рӯи пеналти - 5:6)
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 21 (1:0). Алишер Ҷалилов, 41 (1:1).
Силсилаи пеналти: Боирҷон Сангинбоев - 1:0. Алишер Ҷалилов - 1:1. Бежан Нишонбойзода - 2:1. Сиеваш Ҳақназарӣ - 2:2. Фирӯз Қараев - 3:2. Шаҳром Сулаймонов - 3:3. Шаҳбоз Нуриддинов - 4:3. Манучеҳр Сафаров - 4:4. Алишер Шукуров - 5:4. Амирбек Ҷурабоев - 5:5. Фирдавс Абдусалимов - 5:5 (аз болои дарвоза). Пол Комолафе - 5:6.
«Истиқлол»: Никола Стошич, Табрез Исломов, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 88). Содиқҷон Қурбонов, Ҷозеф Окоро, Амирбек Ҷурабоев, Ромиш Насруллозода (Манучеҳр Сафаров, 102), Эҳсон Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 102), Алишер Ҷалилов, Ризо Деҳқонӣ (Сиеваш Ҳақназарӣ, 73), Рустам Соиров (Пол Комолафе, 88).
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Корти зард: Григорий Минасян, Давронҷон Эргашев, Фирдавс Абдусалимов («Хуҷанд»), Амирбек Ҷурабоев, Ромиш Насруллозода, Ҷозеф Окоро («Истиқлол»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Диловар Орзуев (Ҳисор).
Комиссари бозӣ: Сӯҳроб Ҳамидов (Рӯдакӣ).
1 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 10 000 тамошобин.