«Истиқлол» бо Кирилл Суслов шартнома баст!
21.07.2025 18:50
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» хати ҳимояи худро бо бозингар аз Россия мустаҳкам намуд.
Кирилл аз рӯзи дуюми ҷамъомади таълимӣ, ки дар Белоруссия ҷараён дорад, дар ҳайати даста тамрин намуда истодааст. Ҳамчун ҳимоятгари марказӣ дар майдон ҳунарнамоӣ менамояд ва дар вохурии санҷишӣ бо тими «БАТЭ» 90 дақиқа дар майдон буд.
Қадаш - 186, вазн - 73 кг. Ӯ дар дастаҳои Россия ба монанди: «Факел», «Сочи», «Луч» ва «Сокол» бозӣ кардааст. Мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ бо футболбоз як солро дар бар мегирад. Кирилл Суслов дар «Истиқлол» таҳти рақами 15 вориди майдон мегардад.
Хуш омади ба «Истиқлол», Кирилл!