«Истиқлол»: Рӯзи нӯҳуми ҷамъомад дар Беларус!
21.07.2025 16:50
Клуби футболи «Истиқлол» омодагии худро ба қисми дуюми мавсими футболи Тоҷикистон ва бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои-2-и АФК идома медиҳад.
Ҷамъомади таълимии қаҳрамони кишвар дар Беларус то 24 июл идома меёбад. Баъд аз бозгашт ба Душанбе, дастаи мо барои бозии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон омодагӣ мебинад. Қуръакашии ин марҳила пагоҳ, 22 июл баргузор мешавад.