Пирӯзии соҳибони майдон дар бозии «Хуҷанд» - «Истиқлол»
19.06.2025 00:50
Вохурии марказии даври 12-уми Лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» ба ҳисоби 1:0 ба поён расид.
Бозии навбатии худро «Истиқлол» рӯзи 22 июн дар сафар бо тими «Регар-ТадАЗ» анҷом медиҳад. Оғози дидор соати 19:00.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ.
Даври 12-ум
«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 1:0
Гол: Шон Камолафе, 12
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Табрез Исломов (Масрур Ғафуров, 69), Аҳтам Назаров, Ҷозеф Окоро (Шаҳром Сулаймонов, 69), Содиқҷон Қурбонов, Ромиш Насруллозода, Ҷошуа Акпуҷе, Амирбек Ҷурабоев, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Рустам Соиров.
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Даврон Эргашев («Хуҷанд»).
Корти зард: Парвиз Боқиев, Шон Камолафе, Далер Баротов («Хуҷанд»), Рустам Соиров, Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
18 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии ҶТ». 6000 тамошобин.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/32004
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/32015