«Истиқлол» ба тамринҳо баргашт
02.06.2025 10:50
Футболбозони «Истиқлол»-и Душанбе пас аз танаффуси шашрӯза ба тамринҳо баргаштанд.
Тамринҳои бошгоҳи пойтахт ҳар рӯз дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд. Тибқи тақвими Лигаи олӣ, «Истиқлол» бозии навбатии худро рӯзи 15 июн баргузор мекунад. Дар ин рӯз дастаи «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо тими «Хуҷанд» рақобат хоҳад кард.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/31885