РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН МУБОРАК!
01.06.2025 06:50
Клуби футболи «Истиқлол» ҳамаи кӯдакони азиз ва волидайни меҳрубонро бо фарорасии 1-уми июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик мегӯяд!
Бигзор кӯдакони мо ҳамеша дар муҳити сулҳ, меҳрубонӣ ва шодиву саодат ба воя расанд. Мо ба ҳар як кӯдак эҳтиром ва муҳаббат дорем — зеро онҳо ояндаи дурахшони миллатанд!