Пирузии навбати дастаи ҷавонон!
28.05.2025 14:50
Ҳайати ҷавонони «Истиқлол» ғалаби шашуми паиҳами худро дар мавсими кунунии мусобиқоти ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ ба даст овард.
Дар бозии даври 10-уми мусобиқот шогирдони Рустам Қурбонов бар ҳамсолони худ аз тими «Истаравшан» бо натиҷаи 7:0 дастболо гаштанд. Пас аз шаш бозӣ, тими ҷавонони мо бо 18 имтиёз дар зинаи чорум қарор дорад.
Мусобиқоти ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ
Даври 10-ум
«Истиқлол» - «Истаравшан» - 7:0
Голҳо: Муҳаммад Назриев - 3, Шаҳбоз Раҷабов - 2, Абубакр Умар, Аҳмадҷон Шоев.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»).
Сардовар: Шодмон Назирмадов (Душанбе).
27 май. Душабе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.