«ИСТИҚЛОЛ» - БАРАНДАИ НИШОНИ НУҚРАИ СУПЕРЛИГА!
20.05.2025 23:50
БО БАРГУЗОРИИ БОЗИИ СЕЮМИ СИЛСИЛАИ ФИНАЛӢ, МАВСИМИ СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛ БА ПОЁН РАСИ
Аз рӯи натиҷаи бозиҳо тими «Соро компания» дар се вохурӣ пирӯз гардида, унвони чемпиониро ба даст овард. «Истиқлол» - барандаи медалҳои нуқра ва дастаи «Сипар» соҳиби нишони биринҷӣ гардиданд.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2024/25/. СИЛСИЛАИ НИҲОӢ. БОЗИИ СЕЮМ
«Истиқлол» - «Соро компания» - 1:4
20 май. Душанбе. «Кохи Олимп». 1200 тамошобин.
Ҳисоби умумӣ - 0:3