МАРҲИЛАИ НИҲОӢ БО ҒАЛАБА ОҒОЗ ШУД!
10.02.2025 17:40
«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ДАВРИ ЯКУМИ МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ ДАСТАИ «СОМОН»-РО БО НАТИҶАИ 3:1 ДУЧОРИ БОХТ НАМУД.
Дар доираи бозиҳои даври аввали қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 дастаҳои “Истиқлол” –и шаҳри Душанбе ва “Сомон”-и ноҳияи Данғара ба ҳам омаданд.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, ҳисоби 3 бар 1 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт. Голҳои “Истиқлол”-ро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 18-ум аз пеналтӣ, Шаҳром Сулаймонов дар дақиқаи 48-ум ва Муҳаммад Раҷабов дар дақиқаи 52-юм ба самар расониданд. Ягона голи “Сомон”-ро Далер Чолов дар дақиқаи 40-ум марбути номи хеш намуд.
Бозии ояндаи дастаи “Истиқлол” зидди “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода рӯзи 12 феврал сурат мегирад. Оғози рақобат соати 14:00.
«ИСТИҚЛОЛ» – «СОМОН» – 3:1
Голҳо: Масрур Ғафуров, 18 аз пеналтӣ (1:0). Далер Чолов, 40 (1:1). Шаҳром Сулаймонов, 48 (2:1). Муҳаммад Раҷабов, 52 (3:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич (Олим Ҷураев, 46), Содиқҷон Қурбонов (Табрез Исломов, 46), Рустам Камолов, Шаҳбоз Раҷабов, Муҳаммад Исҳоқов (Ромиш Насруллозода, 46), Шуҳрат Шоҳназаров (Шаҳром Сулаймонов, 46), Руслан Хайлоев (Абдулазиз Исоқов, 32), Ҳусейн Қурбонов, Меҳрон Мадаминов, Муҳаммад Муҳаммадзода, Масрур Ғафуров (Маҳмадамини Хуршедшоҳ, 32, Муҳаммад Раҷабов, 46))
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Меҳрон Мадаминов (“Истиқлол”).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
10 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.