БЕГАНОВИЧ БОЗ ПИРОҲАНИ «ИСТИҚЛОЛ»-РО БА БАР МЕКУНАД
28.01.2025 11:50
НИМҲИМОЯТГАР ДЕНИС БЕГАНОВИЧ ПАС АЗ ШАШ МОҲ БА ҲАЙАТИ «ИСТИҚЛОЛ» БАРГАШТ.
Бо гузашти ним сол ба ҳайати «Истиқлол» нимҳиятгар аз Босния ва Ҳертсоговина Денис Беганович баргашт, ки қаблан муддати як сол – аз моҳи июли соли 2023 то июли соли 2024 дар даста ҳунарнамоӣ намуда буд.
Дар ин муддат, Денис дар 26 вохуриҳои расмӣ дар ҳайати «Истиқлол» иштирок варзида, 1945 дақиқаро дар майдон паси сар намудааст.
Созишномаи нави ҳамкорӣ бо Беганович то охири соли ҷорӣ баста шуд.