Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ДАР «ҶОМИ РОҲИ АБРЕШИМ» ИШТИРОК МЕНАМОЯД!

03.01.2025 23:50

Аз 24 апрел то 6 май бо ибтикори Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ нахустин мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Роҳи Абрешим-2025» миёни клубҳои футболи давлатҳои аъзои ассотсиатсияи мазкур баргузор мегардад.

Тибқи талаботи меъёри иштирок, дар мусобиқаи  мазкур дастаи каҳрамони чемпионати Точикистон-2024  «Истиқлол» ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ» ҳунарнамоӣ менамоянд. 

Мувофиқи низомномаи мусобиқот, 8 даста дар ду гурӯҳ барои ба даст овардани Ҷом  бо ҳам мубориза мебаранд!  Макони баргузории бозиҳо баъдтар ба таври расмӣ эълон мегардад.

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj