Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ЭҲСОНИ ПАНҶШАНБЕ БА ДАСТАИ «СУҒДИЁНА» ГУЗАШТ!

01.01.2025 22:50

НИМҲИМОЯТГАРИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ЭҲСОНИ ПАНҶШАНБЕ ФАЪОЛИЯТИ БОЗИНГАРИИ ХУДРО ДАР ДАСТАИ «СУҒДИЁНА», КИ ДАР СУПЕРЛИГАИ УЗБЕКИСТОН ИШТИРОК МЕНАМОЯД, ИДОМА МЕДИҲАД.

Паз аз анҷоми шартномаи ҳамкорӣ нимҳимоятар Эсҳони Панҷшанбе аз дастаи «Истиқлол» ба тими «Суғдиёна» гузариш намуд.  Муҳлати қарордоди футболбоз бо дастаи наваш як солро дар бар мегирад. 

Интизор меравад, ки Эҳсон дар «Суғдиёна» ҳам зери шумораи 17 ҳунарнамоӣ менамояд.  Қайд менамоем, ки қаблан Эҳсон дар дастаи дигари Суперлигаи Ӯзбекистон «Навбаҳор» ҳунарнамоӣ намуда буд. 

Маъмурияти клуби футболи "Истиқлол" ба  Эҳсони Панҷшанбе барои бозии ҷолиб ва пурмаҳсул дар ҳайати даста арзи ташаккур гуфта ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи футболияш муваффақиятҳои калонро таманно менамояд!

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Siyoma
Сарпарастон
 
 
 
 
Шарикон
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2025. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj