АНДЕШАҲОИ ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО ОИДИ БОЗӢ БО ДАСТАИ «ШАРҶА»
25.11.2024 22:50
САРМУРАББИИ ТИМИ «ИСТИҚЛОЛ» ИГОР ЧЕРЕВЧЕНКО ДАР НИШАСТИ МАТБУОТИИ ПЕШ АЗ БОЗИИ ДАВРИ ПАНЧУМИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲИИ ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲОИ КФО БО ДАСТАИ «ШАРҶА» ИНТИЗОРИҲОИ ХУДРО ШАРҲ ДОД.
- Сараввал мехоҳам ба дастаи мизбон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намоям. Бо вуҷуди мавқее, ки дар ҷадвали мусобиқот дорем, бо тамоми ҳастӣ бозӣ хоҳем кард.
Бешубҳа, мубориза ҷолиб хоҳад буд, ва мо хушбин ҳастем. Футбол барои мухлисон вуҷуд дорад, ва мо вазифадор ҳастем, ки онҳоро бо бозии хуб ва зебо шод гардонем.