Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ИШТИРОКИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР «ФЕСТИВАЛ

21.05.2025 12:50

ИШТИРОКИ ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ» ДАР «ФЕСТИВАЛИ УМУМИНОҲИЯВИИ ФУТБОЛ» БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ» ВА «РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

Ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар майдони варзишии "Динамо" - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ "Фестивали умуминоҳиявии футбол" доир шуд, ки дар кори он ҳамчун меҳмонони фахрӣ ҳайати дастаи футболбозони Клуби "Истиқлол"- Душанбе, варзишгарон, наврасону ҷавонон, кормандони касбу кору гуногун, донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Қодирзода Руслан Раҷаб - Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ дастаҳои ғолиб, ки дар мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуда, барандаи "Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ" гардиданд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроия ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба дастаи футболбозони Клуби "Истиқлол"-и Душанбе Сипоснома барои ҳамкориҳои судманду тарафайн ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар охири чорабинӣ барои иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ бо сурудҳои дилнишин пешкаши ҳамагон гардонида шуд.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/31666

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
  
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2025. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj