ГЛАВНЫЙ ТРЕНЕР "СЕПАХАНА" - О ПРЕДСТОЯЩЕМ МАТЧЕ С "ИСТИКЛОЛОМ"
02.12.2024 16:30
ГЛАВНЫЙ ТРЕНЕР "СЕПАХАНА" ПАТРИС КАРТЕРОН И ИГРОК КОМАНДЫ АРИЯ ЮСУФИ ВЫСКАЗАЛИ СВОИ МНЕНИЯ ПО ПОВОДУ ЗАВТРАШНЕГО МАТЧА С "ИСТИКЛОЛОМ".
ПАТРИС КАРТЕРОН, САРМУРАББИИ «СИПОҲОН»;
- Нахуст мехостам миннатдории худро ба тамоми мардуми Тоҷикистон бобати истиқболи гарм иброз намоям. Бозии қаблӣ бо «Ал-Ваҳдат» бароямон душвор сипарӣ гашт. Барои бозӣ муқобили «Истиқлол» хеле зиёд кор кардем, барномарезии хуб доштем, омодаем, ки барои имтиёзҳо мубориза барем.
Умедворам, ки «Ал Ваҳдат» баромади хуб карда, тими «Шарҷа»-ро шикаст медиҳад, ки ин ба нафъи мо хоҳад буд. Ба ҳар ҳол мо ба худамон тамаркуз мекунем. Ҳарифи мо дастаи хуб аст. Онҳоро эҳтиром мекунем. «Истиқлол» ҳоло бартарии хеле калон дорад, ки дар майдони худ ҳунарнамоӣ менамояд. Мо пагоҳ бо тамоми қувва дар майдон мубориза мебарем.
ОРИЁ ЮСУФӢ, БОЗИНГАРИ «СИПОҲОН»;
- Фазои даста дар сатҳи олист. Бо мураббии нав, ки хеле соҳибтаҷриба аст, мехоҳем хуб кор кунем ва чизҳои навро омӯзем. Мо бештар ба тамринҳои физикӣ ва тактикӣ машғулем, ин тарзи дарсдиҳии мураббии нав аст, ки ба бозигарон писанд аст. Умед дорем, пагоҳ соҳиби 3 имтиёз мешавем.