«ИСТИҚЛОЛ» ВА «СОРО КОМПАНИЯ» ВОХУРИИ АВВАЛИ НИҲОИРО ДОИР НАМУДАНД
11.11.2023 22:35
ШОМИ ИМРӮЗ ДАР «КОХИ ОЛИМП» БОЗИИ АВВАЛИ СИЛСИЛАИ НИҲОИИ ЛИГАИ ФУТЗАЛ МИЁНИ ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «СОРО КОМПАНИЯ» БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дидори аввали дастаҳо бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди қаҳрамони феълии кишвар хотима ёфт. Голи ягонаи рақобатро дар дақиқаи 26-уми қисми дуюми вохӯрӣ Муҳаммадҷон Шарипов вориди дарвозаи «Истиқлол» намуд.
Рақобати дуюми дастаҳо фардо, 12 ноябр, баргузор мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон се пирӯзии яке аз дастаҳоро дарбар мегирад.
СИЛСИЛАИ НИҲОИИ СУПЕРЛИГАИ ФУТЗАЛ
БОЗИИ АВВАЛ
«Истиқлол» - «Соро компания» - 0:1
Гол: Муҳаммадҷон Шарипов, 26
«Истиқлол»: Фирӯз Бекмуродов, Рустам Ҳамидов, Комрон Алиев, Шавкат Ҳалимов, Раҳмоналӣ Шарипов, Самариддин Шамсов, Насратшо Исмоилов, Некруз Идиев, Арстанбек Турсунов, Мирсаид Камолов, Абдукаюм Умаров.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Муҳаммадҷон Шарипов («Соро компания»).
Сардовар: Чингиз Мустафоев (Қирғизистон).
Нозири доварон: Холмурод Зардов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).
11 ноябр. Душанбе. «Кохи Олимп». 1700 тамошобин.
https://t.me/fcistiklol2007/23624
https://t.me/fcistiklol2007/23634