Ба тоҷикӣ  На русском In English 

ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҶОМЕАИ ФУТБОЛИ КИШВАР МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД

03.11.2023 19:05

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо масъулини соҳаи футболи кишвар вохӯрӣ анҷом доданд.

Имрӯз, 3 ноябр дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раисони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар, раисони шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аҳли ҷомеаи футбол мулоқот доир намуд. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба вазъи имрӯзаи футбол дар шаҳру навоҳии мамлакат ва ояндаи варзиши рақами як дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷаласа ҳисоботҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд ва раиси Федератсияи футболи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шунида шуданд.

Вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Президенти ФФТ ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ислоҳи вазъ супоришҳои мушаххас дод.

Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз баромади бошгоҳҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 изҳори нигаронӣ намуд. Ин дастаҳо дар мавсими имсолаи лигаи олии Тоҷикистон баромади бебарор карда, соли оянда дар лигаи якум ҳунарнамоӣ мекунанд.

«Вақте ки ман ҳамчун бозигар дар «Истиқлол» бозӣ мекардам, дастаи «Регар-ТадАЗ» рақиби асосии мо дар мубориза барои медалҳои тилло буд. Мутаассифона, замона дигар шуд, ҳоло яке аз бошгоҳҳои серҷоизатарини кишвар ба лигаи якуми Тоҷикистон меравад – ин барои роҳбарияти «Регар-ТадАЗ» ва «ТАЛКО» хеле бад ва баҳои паст аст», – гуфт Рустами Эмомалӣ дар мулоқот.

«Дастаи шаҳри Бохтар мактаби хуби футбол дорад. Пештар бошгоҳи «Вахш» ном дошт. Чӣ гуна бошгоҳе, ки мактаби хуби футбол дорад ва даҳҳо бозигарро барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон тарбият кардааст, ба лигаи якум меравад – ман намефаҳмам», – гуфт президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Илова бар ин, президенти ФФТ дар бораи вазъи бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ҳарф зада, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати зиёд кардани буҷаи дастаҳо, ҷалби сарпарастон ва хайрхоҳон барои дастгирӣ супоришҳо дод.

Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи ҳозирин самтҳои асосии барномаи рушди футболро муаррифӣ намуд.

«Моро лозим аст, ки барои мухлисон шароит муҳайё созем ва шомгоҳон бозиҳои чемпионати Тоҷикистонро баргузор кунем», – қайд кард роҳбари ФФТ.

Қабл аз оғози мавсими навбатии футбол дастур дода шуд, ки дар варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар, Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан ва «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода чароғҳо насб карда шаванд.

Раиси ФФТ ҳамчунин дастур дод, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои донишгоҳиро баргузор кунанд.

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват кард, ки ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, на танҳо бошгоҳҳо, балки дастаҳои футзал, ҷавонон ва занонаро низ дастгирӣ намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ тамоми чеҳраҳои футболи кишвар, роҳбарону сарпарастонро ба фаъолияти пурсамар даъват карда, дастур дод, ки баҳри рушди футбол дар кишвар ва тарбияи футболбозони касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/23434

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj