ИШТРИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН
16.06.2023 16:36
Имрӯз, 16 июн дар толори «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон бо бозигарон, мураббиён, роҳбарону масъулони дастаҳои футбол ҷаласа баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, раиси Кумитаи тартиботу интизоми ФФТ Тоҳир Нурзода ва муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ, подполковники милитсия Зафар Раҳимзода ширкат варзида, вобаста ба меъёрҳои кодекси интизомии ФФТ, санадҳои ҳуқуқии самти футбол, инчунин меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бандҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти варзиш суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории ҷамъомад ин пешгирии футболбозон ва варзишгарон аз гароиш ба зуҳурот ва падидаҳои номатлуб дар футбол ва дурӣ ҷустан аз тамоюл ба амалҳои ғайриварзишӣ, ки нуфузи варзиши рақами яки сайёраро коста менамояд, ҳамзамон саҳм гузоштан дар татбиқи дурнамои рушди футболи миллӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чунин силсилавохӯриҳо тибқи нақша-чорабиниҳои Лигаи футболи Тоҷикистон бо намояндагони клубҳои футболи Ҳисор ва Турсунзода санаи 17 июн, бо намояндагони дастаҳои футболи вилояти Хатлон санаи 19 июн, бо клубҳои футболи вилояти Суғд санаи 21 июни соли равон ташкил карда мешаванд.
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20452
ФОТО: https://t.me/fcistiklol2007/20461