Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Рақобати «Истиқлол» ва «Равшан» бидуни гол анҷом ёфт

24.08.2022 20:23

Вохурии мавқуфмондаи даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан», ки дар шаҳри Кулоб баргузор гардид, бо натиҷаи мусовии - 0:0 ба поён расид.

Пас аз се рӯз, 28 август,  ин ду даста боз  бо ҳамдигар вориди майдон  мегарданд.  Дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» дар майдони худ  дастаи «Равшан»-ро қабул менамояд. Оғози бозӣ соати 18:30.

Чемпионати Тоҷикистон. Даври 2-юм
«Равшан» - «Истиқлол» - 0:0
«Истиқлол» (Душанбе):
  Рустам Ятимов, Аҳтам  Назаров, Владислав Касминин, Темур Партсвания,  Сиёвуш Асроров, Сайёди Ковусшо,  Шаҳром Сулаймонов (Табрез Исломов, 75),  Муҳаммадҷон Раҳимов,  Далер Имомназаров (Алиҷон Кароматуллозода, 67),  Шервони Мабатшоев, Манучехр Ҷалилов. 
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Расул Пайзов («Равшан»).
Корти зард: Принц Артур, Бахтиёр Қаландаров («Равшан»),  Владислав Касминин,  Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
24 август. Кулоб, варзишгоҳи марказӣ. 7300 тамошобин.

ФОТО https://t.me/fcistiklol2007/16803

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Генеральный спонсор Siyoma
Спонсоры
 
 
 
 
Партнеры
© Клуби футболи «Истиқлол», 2007–2024. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. info@fc-istiklol.tj