Голи Муҳаммадҷон Раҳимов ба «Истиқлол» ғалаба овард
21.08.2022 21:45
«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 дастаи «Хатлон»-ро мағлуб намуд. Муаллифи голи ягона Муҳаммадҷон Раҳимов гардид.
Чемпионати Тоҷикистон. Даври 13-ум
«Истиқлол» - «Хатлон» - 1:0
Гол: Муҳаммадҷон Раҳимов, 29
«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Аҳтам Назаров (Далер Имомназаров, 78), Сиёвуш Асроров, Темур Партсвания, Глеб Грачев, Алиҷон Кароматуллозода (Табрез Исломов, 78), Муҳаммадҷон Раҳимов, Иддрис Амину, Парвиз Боқи-Охунов (Сайёди Ковусшо, 71), Шаҳром Сулаймонов (Манучеҳр Ҷалилов, 66), Шервони Мабатшоев.
Беҳтарин бозингари вохурӣ: Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).
Корти зард: Идрис Амину, Темур Партсвания («Истиқлол»), Жан Гатен Нд, Равшан Азизов («Хатлон»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).
21 август. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1500 тамошобин.
Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки пас аз 9 бозӣ бо 20 имтиёз ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот барояд. Пас аз ду рӯз, 24 август, «Истиқлол» дар вохурии мафқуфмондаи даври 2-юм бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кулоб дар сафар дидор анҷом медиҳад. Оғози бозӣ соати 17:00.