Ғалабаи навбатии «Истиқлол»
29.08.2021 22:31
Дар доираи даври 18-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ дастаи «Куктош»-ро бо ҳисоби калони 7:1 мағлуб намуд.
Чемпионати Тоҷикистон
Даври 18-ум
«Истиқлол» - «Куктош» - 7:1
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 25 (1:0). Амирбек, Ҷурабоев, 34 (2:0). Шервони Мабатшоев, 42 (3:0). Собирҷон Холматов, 58 (3:1). Алишер Ҷалилов, 70 (4:1). Манучеҳр Ҷалилов, 72 (5:1). Салам Ашурмамадов, 76 (6:1). Рустам Соиров, 82 (7:1).
«Истиқлол»: Муҳриддин Ҳасанов, Алексей Ларин , Аҳтам Назаров (Далер Имомназаров, 75), Манучеҳр Сафаров (Петар Патев, 75), Зоир Ҷурабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Амирбек Ҷурабоев, Алишер Ҷалилов (Салам Ашурмамадов, 75), Ислом Зоиров (Рёта Нома, 75), Манучеҳр Ҷалилов, Шервони Мабатшоев (Рустам Соиров, 46).
Беҳтарин бозингар: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).
Корти зард: Рустам Соиров (“Истиқлол”), Насимҷон Мухаммадиев (“Куктош”).
Корти сурх: Амирбек Ҷурабоев (“Истиқлол”)- 87.
Сардовар: Хуршед Додобоев (Хуҷанд).
29 август. Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Вохурӣ пурра бо бартарии чемпиони мамлакат ҷараён гирифта бо ҳисоби калони 7:1 ба анҷом расид. Дар ин дидор дубл ба номи худ беҳтарин бозингари вохурӣ Алишер Ҷалилов сабт намуд, ки имруз зодруз дошт.