Ба тоҷикӣ  На русском In English 

«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ОСТОНАИ МАРҲИЛАИ ТАЪРИХӢ: ЯК ҒАЛАБА ТО 1000 ХОЛ!

27.11.2026 17:20

ДАСТАИ «ИСТИҚЛОЛ»-И ДУШАНБЕ БА ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ТАЪРИХӢ НАЗДИК АСТ!

Пас аз анҷоми мавсими-2026 дар ҳисоби даста 998 имтиёз  дар Лигаи олии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

«Истиқлол» ин нишондиҳандаро дар 404 бозӣ тайи 18 мавсим ба даст овардааст.

Омор чунин аст: 311 ғалаба, 65 мусовӣ ва 28 бохт. Дастаи пойтахт 1127 гол зада, 239 гол сар додааст.

Акнун барои расидан ба марзи 1000 хол ҳамагӣ ду имтиёзи дигар  боқӣ мондааст. Яъне, аввалин ғалабаи «Истиқлол» дар мавсими-2027 ба даста имкон медиҳад, ки ин нишондиҳандаи рамзиро убур намояд!

Як ғалаба то 1000 хол!

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj