БА «ИСТИҚЛОЛ» ҶОМИ ҚАҲРАМОНӢ СУПОРИДА МЕШАВАД!
24.11.2026 15:40
Фардо, 25 ноябр, пас аз анҷоми бозии даври 22-юми Лигаи олӣ бо «Истаравшан» ба бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии дастаи «Истиқлол» Ҷом ва медалҳои тиллоии чемпионат аз тарафи Лигаи футболи Тоҷикистон супурда мешавад.

Ҳамчунин дар ин рӯз медалҳои хурди нуқраи чемпионат ба ҳайати ҷавонони тими «Истиқлол» супурда мешавад.











