ДРАМА ДАР БОЗИИ АВВАЛ!
18.11.2026 22:20
ДАСТАҲОИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА «СИПАР» РАҚОБАТИ ЯКУМРО ДАР МАРҲИЛАИ НИМНИҲОИИ СУПЕРЛИГА БАРГУЗОР НАМУДАНД!

Вохурӣ бисёр ҷолиб ва ҳаяҷонангез ҷараён гирифта, ғолиб дар силсилаи зарбаҳои пеналти муайян шуд! Қисми аввал бо бартарии меҳмонон ба анҷом расид, вале дар пайти дуюм соҳибони майдон ба бозӣ баргашта, ҳисобро баробар намуданд.
Ду қисми иловагӣ ҳам бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид ва ғолиб дар силсилаи зарбаҳои пеналти муайян шуд - 4:5. Вохурии ҷавобии дастаҳо санаи 22 ноябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ
ПЛЕЙ-ОФФ! МАРҲИЛАИ НИМНИҲОӢ
БОЗИИ АВВАЛ
«Истиқлол» - «Сипар» - 2:2 (вақти иловагӣ - 0:0, пеналти - 4:5).
Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 7 (0:1). Брандау Алан, 10 (0:2). Хосе Пахаро, 25 (1:2). Франсиску Матеус, 32 худгол (2:2).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Муҳаммад Шарипов («Сипар»).
Сардовар: Суҳроб Сатторов (Турсунзода).
18 ноябр. Душанбе. «Кохи Олимп».











