«Истиқлол-2» - барандаи медали нуқраи мусобиқаи ҷавонони Лигаи олӣ!
09.11.2026 14:07
Мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олӣ миёни дастаҳои ҷавонон ба анҷом расид.
Дастаи «Истиқлол-2» таҳти роҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов мавсимро бо натиҷаи хуб ҷамъбаст намуда, сазовори ҷойи дуюм ва медалҳои нуқраи мусобиқа гардид.
Медалҳои тиллои мусобиқа насиби дастаи КМВА-2 шуда, дастаи «Вахш-2» мақоми сеюмро ишғол намуд.
Ин натиҷа самараи заҳмат, талош ва меҳнати якҷояи ҳайати мураббиён ва футболбозони ҷавон мебошад.
Ҳамаи бозигарон, ҳайати мураббиён ва мухлисони «Истиқлол»-ро бо ин дастоварди арзанда табрик мегӯем!











