«ИСТИҚЛОЛ» ДАР ВАРЗОБ: ОМОДАГӢ БА МУБОРИЗАҲОИ ОСИЁӢ!
14.10.2026 14:20
Клуби футболи «Истиқлол» дар давраи баргузории бозиҳои Лигаи даъвати КФО дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар Варзоб, қарор хоҳад дошт.

Дар ин марказ ҳайати даста зиндагӣ карда, тамринҳои худро баргузор менамояд ва ба бозиҳои муҳими мусобиқа омодагӣ мебинад.
Ҳадаф равшан аст — омодагии ҳамаҷониба, муттаҳидӣ ва мубориза барои натиҷаи шоиста дар арсаи байналмилалӣ!











