Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Триллери ҳақиқии футзал!

19.09.2026 23:20

Шоми имрӯз Ҷоми Тоҷикистон ба дӯстдорон ва ҳаводорони футзал як бозии воқеан ҳаяҷоновар тақдим кард!

Дар вохурии ду рақиби дерина «Истиқлол» нимаи аввалро бо ҳисоби 3:0 ба анҷом расонд. Аммо дар нимаи дуюм «Соро Компания» камбэки аҷиб нишон дода, ҳисобро баробар кард.

Баъдан «Истиқлол» боз пеш гузашт…
Ва драмма дар лаҳзаҳои охир! 
Ҳамагӣ 5 сония пеш аз ҳуштаки ниҳоӣ «Соро Компания» голи чорумро зада, ҳисобро 4:4 кард! Драма, мубориза, эҳсосот ва голҳо то сонияи охир.
Яке аз ҳаяҷоновартарин бозиҳои мавсими футзал!
 

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ.
ДАВРИ ДУЮМ. ЗЕРГУРӮҲИ «В»

«Соро компания» - «Истиқлол» - 4:4
Голҳо: Кауан Дуарте, 9 (0:1). Ҷонни Рамирез, 12 (0:2). Игор Тиаго, 13 (0:3). Идрис Ёров, 22 (1:3). Хуго Кардосо, 33 (2:3). Идрис Ёров, 36 (3:3). Хосе Пахаро, 38 (3:4). Самандар Ризомов, 40 (4:4).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Идрис Ёров («Соро компания»).
Сардовар: Суҳроб Сатторов (Турсунзода).
19 сентябр. «Кохи Олимп».

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39167

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/39175

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj