Вақти оғози бозиҳои «Истиқлол» дар Лигаи Даъвати Осиё маълум шуд!
17.09.2026 18:20
Конфедератсияи футболи Осиё вақти оғози бозиҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи Даъвати Осиёро дар зергурӯҳи «В» тасдиқ намуд.
Дар даври аввали Лигаи Даъвати КФО-2026/27 чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол» бо дастаи «Неҷмеҳ»-и Лубнон рақобат мекунад.
Мусобиқа дар шакли мутамарказ аз 17 то 23 октябр дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.
Лигаи Даъвати Осиё-2026/27
Марҳилаи гурӯҳи. Зергурӯҳи «В»
17 октябр шанбе
Даври 1-ум
16:00. «Ал-Арабӣ» (Қувайт) – «Ҳомс Ал-Фида» (Сурия)
19:00. «Неҷмеҳ» (Лубнон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)
20 октябр сешанбе
Даври 2-юм
16:00. «Ҳомс Ал-Фида» (Сурия) - «Неҷмеҳ» (Лубнон)
19:00. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Арабӣ» (Қувайт)
23 октябр ҷумъа
Даври 3-юм
16:00. «Ал-Арабӣ» (Қувайт) - «Неҷмеҳ» (Лубнон)
19:00. «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ҳомс Ал-Фида» (Сурия)











