Ҳафтаи рақобатҳо бо КМВА!
05.08.2026 12:03
Барои «Истиқлол» ҳафтаи пуршиддати рақобатҳо бо КМВА оғоз мешавад!

Фардо, 6 август, дастаи футзали «Истиқлол» дар доираи даври 10-уми Суперлига бо тими артиш рақобат мекунад. Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ ҷолиб ва пуршиддат хоҳад буд.
Идомаи ин рақобат 9 август баргузор мегардад, ки дар он дастаҳои асосии «Истиқлол» ва КМВА ба майдон мебароянд.
Ҳамин тариқ, ҳаводоронро дар тӯли як ҳафта ду рақобати муҳим ва ҷолиб бо артишиён интизор аст.











