Панҷ бозигар фаъолияти худро дар дастаҳои дигар идома медиҳанд!
29.07.2026 18:20
Клуби футболи «Истиқлол» бо мувофиқаи тарафайн шартномаи ҳамкориро бо панҷ бозигар қатъ намуд.

Легионерон Иван Зотко, Лука Згурский, Фране Чиряк, Дмитро Билоног ва ҳамчунин Хусрав Тоиров фаъолияти касбии худро дар бошгоҳҳои дигар идома медиҳанд.
КФ «Истиқлол» ба ҳама футболбозон барои бозиашон дар ҳайати даста самимона ташаккур гуфта, ба онҳо дар фаъолияти ояндаи футболиашон муваффақиятҳои калон орзу менамояд!











