Бозие, ки мухлисонро мафтун кард!
18.06.2026 23:20
Вохӯрии навбатии ду рақиби ошно — «Истиқлол» ва «Соро компания» ба мухлисон як бозии воқеан фаромӯшнашаванда тақдим кард.
.jpg)
Ду даста аз дақиқаҳои аввал то лаҳзаҳои охир бо суръати баланд, муборизаи беамон ва иродаи қавӣ барои пирӯзӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Шаш гол, лаҳзаҳои зиёди хатарнок, ҳамлаҳои зебо ва эҳсосоти баланд — ин рақобат ҳама чизеро дошт, ки футзалро яке дӯстдоштатарин бозиҳо мегардонад.
Ҳар як гол ба бозӣ ранги нав бахшида, шиддати рақобатро бештар мекард.
Дар натиҷа, садои ниҳоии довар ҳисоби мусовии 3:3-ро сабт намуд. Натиҷае, ки комилан ба ҷараёни бозии пуршиддат ва баробари ду даста мувофиқ буд.
Гарчанде ғолиб муайян нашуд, аммо мухлисон аз тамошои яке аз беҳтарин ва ҷолибтарин бозиҳои мавсим лаззат бурданд.
«Истиқлол» ва «Соро компания» бори дигар исбот карданд, ки рақобати онҳо ҳамеша пур аз ҳаяҷон, эҳсосот ва футболи сатҳи баланд аст.
Бо ҳамин тартиб, марҳилаи якуми Суперлигаи футзал ба поён расид. Се зинаи аввалро «Сипар», «Соро компания» ва «Истиқлол» ишғол менамоянд.
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТЗАЛ
ДАВРИ 7-УМ
«Истиқлол» - «Соро компания» - 3:3
Голҳо: Умед Кузиев, 4 (1:0). Руан Эрилсон, 8 (1:1). Идрис Ёров, 24 (1:2). Бахтиёр Солиев, 28 (1:3). Хосе Пахаро, 29 (2:3). Хосе Пахаро, 33 (3:3).
Беҳтарин бозикуни вохурӣ: Хосе Пахаро («Истиқлол»).
Сардовар: Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).
18 июн. «Кохи Олимп». 700 тамошобин.
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37743
РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37753











