Ба тоҷикӣ  На русском In English 

Майдони нав барои тарбияи истеъдодҳо: «Истиқлол» соҳиби варзишгоҳи нав шуд!

14.06.2026 10:20

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли Давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав маросими тантанавии ифтитоҳи варзишгоҳи нави муосири футбол баргузор гардид.

Иншооти варзишӣ бо дастгирии президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв бунёд шуда, ба тавозуни клуби футболи «Истиқлол» гузаронида шуд.
 
 Дар маросими ифтитоҳ, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли варзиш, собиқадорон, ҷавонон, наврасон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
 
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин варзишгоҳ барои рушди футбол, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
 
 Варзишгоҳи нав ҳамчун як маркази муҳими варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳо, машғулиятҳои таълимӣ ва омодасозии футболбозони ҷавону наврас  хизмат хоҳад кард ва дар таҳкими зерсохтори варзишии кишвар саҳми назаррас мегузорад.

РАСМ: https://t.me/fcistiklol2007/37664

 

Имя

Сообщение

Перед публикацией ваше сообщение проверит модератор сайта
Сарпарасти кулл Сийома
Сарпарастон
 
 
 
 
 
 
 
 
Шарикон
    
© Футбольный клуб «Истиклол», 2007–2026. Все права защищены. info@fc-istiklol.tj